Оиди лоиҳа

Расонидани кумаки техникӣ ба Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дастгирии баланд бардоштани  сифати таҳсилот дар соҳаҳои маълумоти миёна, таҳсилоти  ибтидоии техникӣ, касбӣ ва таълим (ТИКТ)

 EuropeAid/137704/DH/SER/TJ

  Мақсади умумии лоиҳа ин расонидани кумак дар рушди низоми муосири таҳсилот мебошад, ки тайёр намудани шаҳрвандони маълумотнок, ихтисосманд ва омода барои «ҳаёти осоишта»-ро таъмин намуда, дар ноил шудан ба суботи бузургтари сиёсӣ, инкишофи иқтисодӣ ва некӯаҳволии иҷтимоӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат мекунад.  

Вазифаи лоиҳаи мазкур  – дастгирии эҷоди  низоми муосир ва самараноки рушди бефосилаи касбии (РБК) омӯзгорони фанҳои касбии муассисаҳои ТКТ мебошад, ки дар дараҷаи беҳтар ба талаботи инфиродии омӯзгорон ҷавобгӯ  буда, ба амалияҳои муваффақи миллӣ ва минтақавӣ асос меёбанд.

Методологияи татбиқи лоиҳа ҷиҳати ноил шудан ба натиҷаҳои асосии зерин асосӣ  таҳия шудааст:

  • Натиҷаи 1: Аз ҷониби Ҳукумат таҳия ва  ҷорикунии санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ, ки нақш ва уҳдадориҳои вазоратҳои мухталиф ва раёсатҳои  масъул барои  рушд ва роҳбарии бахши таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва таълимро  муайян менамояд.
  • Натиҷаи 2: Таҳия ва ҷорикунии Чорчӯбаи салоҳиятҳо ва Низоми баҳодиҳии омӯзгорони фанҳои махсус ва устоҳои таълими истеҳсолӣ ва кадрҳои  роҳбарикунандаи соҳаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва техникӣ  (ТИКТ)
  • Натиҷаи 3:Тақвияти иқтидори таъмингарони хизматрасониҳои таҳсилотӣ барои таъмини такмили самараноки малакаҳои касбии омӯзгорон ва кадрҳои роҳбарикунандаи муассисаҳои ТКТ.
  • Натиҷаи 4: Эҷоди механизмҳои ҳамкорӣ бо иттиҳодяиҳои тиҷорӣ барои баланд бардоштани сатҳи касбии кормандони муассисаҳои ТКТ (кадрҳои роҳбарикунанда ва омӯзгорони фанҳои касбӣ).
  • Натиҷаи 5: Тақвияти иқтидори умумии ВММША дар соҳаи рушдва роҳбарии соҳаи ТИКТ.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гумон дорад, ки дар соҳаи таҳсилот самти афзалиятнок ин рушди  низоми таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва таълим мебошад, ки  иқтисодиёти миллиро бо мутахасссисони  ихтисоснок таъмин менамояд ва ба андозаи хеле калон барои рушди иҷтимоӣ-иқтисодӣ ва фарҳангӣ мусоидат менамояд.  Яке аз омилҳои асосии рушди устувори соҳаи ТКТ ин сифати дониш ва малакаҳои ҳайати муҳандисӣ-техникӣ ва омӯзгорӣ мебошад.  Дар ин робита масъалаи таҳия ва татбиқи барномаҳои мушаххаси баҳри тақвияти иқтидори инсонии соҳаи ТКТ: кадрҳои роҳбарикунанда ва омӯзгорон, устоҳо ва дастурдиҳандагони таълими истеҳсолӣ равонашуда бисёр муҳим  мебошад. 

Маблағгузории лоиҳаи мазкур аз ҳисоби маблағҳои Иттиҳоди Аврупо (ИА) дар чорчӯбаи татбиқи Барномаи  дастгирии таҳсилоти касбӣ I (QESP I)  дар Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад. Барнома бо мақсади ҳалли вазифаҳои алоҳидаи афзалиятноки Стратегияи  миллии рушди таҳсилоти (СМРТ) Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2020 ва Нақшаи амал дар соҳаи таҳсилот барои солҳои 2015-2017 таҳия карда шудааст. Вазифаи барнома – ин дастгирии хизматрасонии самаранок ва босифат дар соҳаи таҳсилот дар сатҳҳои миёна ва ибтидоии ТКТ бо мақсади баланд бардоштани натиҷаҳои таълим мебошад. Дарёфткунандаи кумаки техникӣ Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Тақвияти иқтидор – ин мушкилоти аз ҳама муҳим мебошал, ки  бояд дар ҷараёни татбиқи лоиҳа  ҳал карда шавад. Чорабинӣ доир ба тақвияти иқтидор дар чор  сатҳи бо ҳам алоқаманд гузаронида мешавад, ки гурӯҳҳои гуногуни мақсаднок- инфиродӣ,  институтсионалӣ, шабакавӣ ва ҷамъиятиро  дар бар мегирад.

Сохтори мавҷудаи идоракунии соҳаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва таълим  зимни гузариши зербахши таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва таълим  аз тобеияти   Вазорати маориф ва илм (ВМИ) ба идораи Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ (ВММША) дар соли 2014  тағйиротҳои ҷиддиро аз сар гузаронд.  

Ислоҳоти сохтории эълоннамудаи Ҳукумат дар соҳаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва таълими Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронидани тағйиротҳои ташкилотиро дар ВММША талаб менамояд. Баъди аз тобеияти ВМИ ба идораи ВММША гузаштани бахши ТКТ тамоми захираҳо (молӣ, кадрӣ, моддӣ) мебоист дар ВММША мутамарказ мешуданд. Вазифаи лоиҳа аз расонидани кумаки мувофиқ ба ВММША ва таъмини интиқоли касбӣ ва самараноки функсияҳои (вазифаҳои) идоракунӣ  иборат мебошад. Лоиҳа кумаки институтсионалӣ доир ба арзёбии захираҳо ва имкониятҳои раёсатҳои марбутаи ВММША ва идораҳо дар соҳаи рушд ва идоракунии бахши ТКТ мерасонад.  Аз ҷумла, чунин дастгирӣ расонидани кумак ба Раёсати ТКТ ВММША дар тартиб доданри дастурамалҳои мансабӣ, омода намудани раҳнамоҳо доир ба тартибот ва ғайраро пешбинӣ менамояд. Лоиҳа дар дараҷаи ҳадди аксари имкониятҳо барои муколама миёни раёсатҳои ТКТ–и ду вазорат – ВММША ва ВМИ, инчунин машваратҳои онҳо бо Шӯрои ҳамоҳангсоз доир ба таҳсилоти касбӣ (ШҲТК), шӯрои байниидоравии машваратии ТКТ мусоидат менамояд. Бо ин мақсад лоиҳа бо лоти якум ва чорабиниҳои мувозии он доир ба тақвияти иқтидори ВМИ барои таъмини иҷроиши уҳдадориҳои ба зиммаи он вогузоршуда ҳамкории зич хоҳад кард. 

Вазифаи лоиҳа ин дастгирии эҷоди низоми муосир ва самараноки рушди бефосилаи касбии (РБК) омӯзгорони муассисаҳои ТКТ  мебошад, ки дар дараҷаи беҳтар ба талаботи инфиродии омӯзгорон ва роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти касбӣ ҷавобгӯ буда,  ба амалияҳои пешрафтаи бомуваффақияти миллӣ ва минтақавии бозори меҳнат  асос меёбад.  Лоиҳа барои таъмини ҷалби қавии шарикони маҳалӣ тавассути тақвияти иқтидори ҳамаҷонибаи институтсионалӣ ва рушди кадрии кормандони калидии муассисаҳо ва сохторҳои идоракунии соҳаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва таълим, вазоратҳо ва ҷонибҳои маҳаллии манфиатдор доир ба тамоми соҳаҳои фаннии лоиҳа дар асоси истифодаи муносибати иштироки васеъ кӯшиш ба харҷ медиҳад. Лоиҳа таҷрибакунӣ доир ба соҳаҳои мухталифи фанниро дастгирӣ менамояд, инчунин тавассути кори муштарак бо дарёфткунандагони кумак- ВММША ва бо ВМИ, ки ба сифати сохтори асосии манфиатдор баромад мекунад, таҷрибаи бомуваффақияти лоиҳаро дар амалияи ҳаррӯзаи низоми таҳсилоти касбӣ ва таълими Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷорӣ менамояд.      

Татбиқи лоиҳа аз 1 феврали соли 2017 шурӯъ гардида то 31 июли соли 2020 идома меёбад. Муҳлати умумии лоиҳа 42 моҳро дар бар мегирад. Аудиторияи мақсадноки чорабиниҳои лоиҳа ин гурӯҳҳои васеи мақсадноки бахши ТКТ дар сатҳҳои макро-, мезо- ва микрои идоракунии низоми ТКТ, инчунин ҷонибҳои асосии манфиатдор мебошанд. Чорабиниҳо асосан барои тақвияти иқтидори Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ (ВММША) ва Вазорати маориф ва илм (ВМИ), ҳамчунин муассисаҳои зертобеи онҳо, ки барои пешбурди сисёсати давлатӣ  ва чораҳо доир ба баланд бардоштани самаранокӣ ва натиҷанокии барномаҳои татбиқшавандаи ТКТ масъуланд, равона мебошанд, ки дар навбати худ, метавонанд  барои ноил шудан ба суботи бештари сиёсӣ,  инкишофи иқтисодӣ ва некӯаҳволии иҷтимоӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  мусоидат намоянд. Диққати махсус барои эҷоди механизмҳои устувори шарикӣ «тиҷорат ва муассисаҳои таҳсилотӣ»  ва тақвияти иқтидори мақомоти идоракунӣ ва мутахассисони соҳаи ТКТ, инчунин иттиҳодияҳои соҳибкории хусусӣ  ва корфармоён барои таъмини ҳамкории таъсирбахш ва самарабахш   дода мешавад.  Лоиҳа зимни ҳамкории зич бо чорабиниҳои татбиқшаванда аз ҷониби дигар маблағгузорон дар соҳаи таҳсилоти Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла бо чорабиниҳо дар зербахши ТКТ   амалӣ карда мешаванд.